Дар Русия шартҳои бастани марзҳо бо кишварҳои дигар гуфтанд

© Sputnik / Pavel Bednyakov / Гузариш ба медиабонкБеженка в международном аэропорту Минска в ожидании вывозных рейсов авиакомпании Iraqi Airways
Беженка в международном аэропорту Минска в ожидании вывозных рейсов авиакомпании Iraqi Airways - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Раиси "Роспотребнадзор" шартҳои бастани марзҳои Русия бо кишварҳои дигарро гуфт, ки бо сабаби коронавирус дубора ба вуҷуд омаданаш имкон дорад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфт, Ситоди мубориза бо коронавирус метавонад якбора бо чанд сабаб дар бораи бастани марзҳо тасмим бигирад.
Дар ин ҳолат сабаби асосӣ эҳтимоли афзоиши хатари эпидемиологӣ мебошад. Попова дар ин бора дар эфири шабакаи "Россия 1" хабар дод.
Ӯ аз вазъи соли 2020 ёдовар шуд, ки сафар ба дигар кишварҳо бинобар хатарҳои мавҷуда ба саломатии инсонро маҳдуд карда буд.
Боздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Боздиди раҳбари Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои Душанбе - акс
Ба гуфтаи вай, вазъ то ҳол муташанниҷ аст ва коҳиши маҳдудиятҳо метавонад боиси афзоиши ин беморӣ гардад.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор" гуфта буд, ки ниҳодҳои марбута бар асоси иттилои хадамоти марзбонӣ дар ин хусус тадбир меандешанд.
Онҳо инчунин аломатҳои дар шиносномаҳобударо дар бораи кишварҳое, ки хатари баланд доранд, бодиққат тафтиш мекунанд.
Илова бар ин сардори ин ниҳод шаҳрвандони Русияро ҳушдор додааст, ки дар зимни сафар ба хориҷ аз ин кишвар дар рӯзҳои Соли Нав аз эҳтиёт кор бигиранд.
Бонги хатари "Роспотребнадзор": Омикрон ҷаҳонро таҳдид мекунад
Ба гуфтаи ӯ, суръати паҳншавии навъи омикрон дар ҷаҳон бо асароти худ аҳолиро ба хатару даҳшат овардааст.
Ёдовар мешавем, ба далели кашфи навъи нави коронавирус - омикрон дар ҷануби Африқо Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро аз Африқои Ҷанубӣ, Лесото, Ботсвана, Намибия, Зимбабве, Мозамбик ва ҳамчунин аз Мадагаскар, Танзания, Эсватинӣ ва Ҳонконг маҳдуд кардааст.
Лентаи хабарҳо
0