Сабти ду садамаи маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бархӯрди маргбори ду "Опел" дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба иттилои ВУД, нимашаби 18-уми декабр ронандаи 39-солаи "Опел-Астра", сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" бархӯрдааст.
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Расонаҳо: Қурбониёни сӯхтор дар Пушкино, модару кӯдак аз Тоҷикистон мебошанд
Дар натиҷа ронандаи мошини дуюм, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, ду мусофираш зани 30-сола ва марди 31-сола дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Садамаи маргбори дигар дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи 27-солаи "Тойота-камри" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тути канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири 30-солаи худрав, сокини ноҳияи Восеъ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала