Барои Афғонистон сандуқи исломӣ эҷод мешавад

© AFP 2021 / Bulent KilicЖенщина в парандже несет на голове мешок с луком на рынке в Кабуле
Женщина в парандже несет на голове мешок с луком на рынке в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Созмони Ҳамкории Исломӣ ба эҷоди сандуқи пул барои Афғонистон мувофиқат кард
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шоҳмуҳаммад Қурайшӣ, вазири хориҷии Покистон гуфт, Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) бо эҷоди як сандуқи башардӯстона барои Афғонистон мувофиқат кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қобили зикр аст, ки ахиран дар Покистон иҷлосияи 17-уми фавқулоддаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки бо исрори Арабистони Саудӣ ба унвони раиси иҷлоси сарони ин созмон ташкил шуд, ҳудуди 20 вазири хориҷа, 10 муовини вазири хориҷа ва 70 намоянда ҳузур дошт.
Қурайшӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин сандуқ зери назари Бонки Исломӣ эҷод мешавад, то кумакҳоро бо ҳамоҳангии соири гурӯҳҳо ба Афғонистон интиқол диҳад.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Вокуниши тунди Карзай ба сарвазири Покистон: Аз номи Афғонистон суханронӣ накунед
Қурайшӣ пештар дар бораи як стратегияи шашмоддаӣ барои расидагӣ ба буҳрони башардӯстона ва амнияти ғизоии Афғонистон ва беҳбуди иқтисодии ин кишвар пешниҳод карда буд. Бавижа, ин стратегия эҷоди механизмеро барои интиқоли ҳимояти фаврӣ ва пойдори башардӯстонаву молӣ ба мардуми Афғонистон, ҳамчунин эҷоди гурӯҳе аз коршиносон барои баррасии роҳҳои тасҳили дастрасии Афғонистон ба хидмати бонкиро пешниҳод мекунад. Қурайшӣ ҳамчунин хостори беҳбуди амнияти ғизоӣ ва "афзоиши зарфияти ниҳодҳои афғонистонӣ барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир" шудааст.
Ҳусейн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз тамоми мардуми Афғонистонро даъват кард, ки барои таъмини манофеи мардуми Афғонистон аз хушунат даст кашанд ва барои барқарории сулҳи пойдор талош намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала