Вокуниши тунди Карзай ба сарвазири Покистон: Аз номи Афғонистон суханронӣ накунед

© Sputnik / P. MamaghaniБывший президент афганистана Хамид Карзай
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти нахуствазири Покистон гуфт, гурӯҳи террористии ДОИШ нахуст таҳдиде аз Покистон ба Афғонистон буд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар бораи Афғонистон, бавижа изҳороти ӯ дар бораи таҳдиди ДОИШ аз Афғонистон ба Покистон вокуниши тунд кард.
Раисҷумҳури собиқ дар сафҳаи фейсбукияш навишт, ки ин изҳорот дуруст нест, таблиғоти ошкоро ба муқобили Афғонистон ва як талош барои барангехтани ихтилоф миёни афғонҳову тавҳин ба мардуми Афғонистон аст.
Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, воқеан, таҳдиди ДИИШ аз аввал ба Афғонистон аз Покистон ба назар мерасид.

"Гузашта аз ин иддаои фаъол будани ДОИШ дар Афғонистон, таҳдид ба Покистон аз Афғонистон таблиғи рӯшан аст, зеро воқеият баръакс будааст. Таҳдиди ДОИШ аз ибтидо аз Покистон алайҳи Афғонистон нигаронида шудааст", - навиштааст Карзай.

Ӯ таъкид кардааст, давлати Покистон набояд ба умури дохилии Афғонистон дахолат ва аз суханронӣ аз номи Афғонистон дар нишастҳои байналмилалӣ худдорӣ кунаду он бояд барои эҷоди равобити мусбат ва мутамаддин миёни ду кишвар талош намояд.
СММ: Толибон дар баробари густариши ДОИШ* дар Афғонистон нотавонанд
Имрон Хон, нахуствазири Покистон ахиран дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод гуфт, ДОИШ барои минтақа ва берун аз он таҳдид асту барои муқовимат бо он Афғонистони босубот лозим аст.
Вай гуфт, "Давлати исломӣ аз марзи Афғонистон ба Покистон чанд ҳамла анҷом додааст."
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала