Вуруди бархе аз муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад: фармони нави ВУД

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия тарҳи нави Қонун дар бораи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишварро омода кардааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷирон дар қаламрави Русия дар сурати саркашӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ, тибқи фармони расмии вазири умури дохили Русия, метавонад кам карда шавад.
Ин муқаррароти ҷадид гирифтани изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббиро дар бар мегирад.

"Муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия ба далели саркашӣ аз сабти ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ, муоинаи тиббӣ барои муайян намудани муътодони маводи мухаддир кӯтоҳ карда мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.

Инчунин дар сурати ошкор шудани бемориҳои сироятии барои гирду атроф хатарнок, аз ҷумла ВНМО муҳлати будубош кӯтоҳ карда мешавад.
Зикр гардид, ки дар сурати мавҷуд будани яке аз ин далелҳо қарори кам кардани муҳлати будубош на дертар аз се рӯзи корӣ қабул карда мешавад.
Строительство колеса обозрения Солнце Москвы на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Дар Маскав гуфтанд, кай муҳоҷирон сохтмонҳоро тарк мекунанд
Маълумоти зарурӣ ба шаҳрванди хориҷӣ бобати даъват шудан ба шуъбаи муҳоҷират 24 соат пас аз қабули қарор ирсол мешавад. Аз натиҷаи қарор муҳоҷирро аз тариқи телефон ва ё суроғаи электронӣ хабардор мекунанд.
Гуфта мешавад, фармони мазкур аз 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунад. Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи манъи вуруди 400 муҳоҷир ба Русия барои 40 сол хабар дода буд. Онҳо барои задухӯрд ва дигар қонуншиканиҳо ба ин муддатзамон ихроҷ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0