Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе в декабре, архивное фото
Душанбе в декабре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳавои гармро пешгӯи мекунанд, аммо боридани борону барфро дар баъзе минтақаҳо аз эҳтимол дур намедонанд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Ин ниҳод ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбанда арзёбӣ карда мегӯяд, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳои ин минтақа шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Хатлониёнро бошад, ҳавои камабру тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани тормеғ (туман) интизор аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи водигии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бошад, ҳавои тағйирёбанда, бориши сусти борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт бошад. ҳавои бебориш, аммо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0