Афзоиши садбаробарии пасандози аҳолӣ дар бонкҳои Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми пасандози аҳолӣ дар бонкҳои дар муқоиса бо соли 2000-ум беш аз 100 баробар зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ бонкҳо ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2021 ба 10 миллиард сомонӣ расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, ҳаҷми пасандози аҳолӣ дар бонкҳо 109 баробар афзоиш ёфтааст.
Шумораи ташкилотҳои қарзӣ феълан дар Тоҷикистон 63 адад ва воҳидҳои сохтории онҳо 1850 адад арёзбӣ шудааст.
Дар мавриди қарзи додаи бонкҳо Раҳмон изҳор дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомонӣ ироа шудааст.
Логотип SWIFT - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Бо суръати SWIFT: аз ихроҷи Русия кӣ зарар мебинад?
"Аз ҷумла дар соли 2021 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст", - омадааст дар паём.
Раисҷумҳур аз аҳамияти низоми бонкӣ барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоду фаъолияти бахши хусусӣ гуфта, илова намуд, ки ҳанӯз дар низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мондаанд.
Ӯ дастур дод, ки барои зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хидматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳо андешида шаванд.
"Амонатбонк" ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дастур гирифтанд, ки ҳаҷми пули пешниҳодӣ барои қарзро зиёд намоянду дар соли 2026 онро ба 30 миллиард сомонӣ расонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала