Олимони Чин: Омикрон ба таври сунъӣ эҷод шуд

© REUTERS / Cooper NeillТестирование на коронавирус (COVID-19)
Тестирование на коронавирус (COVID-19) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Муаллифони тадқиқот гуфтанд, ки омикрон ду таҳаввулот дорад, ки дигар штаммҳои коронавирус надоранд. Ба онҳо муяссар шуд, ки ин таҳаввулотро дар лаборатория дубора эҷод кунанд ва боварӣ ҳосил намуданд, ки ин навъ ба таври сунъӣ эҷод шудааст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Олимони чинӣ бар ин боваранд, ки штамми навъ коронавирус - омикрон дар лаборатория таҳия шудааст, менависад Известия бо истинод ба Пажӯҳишгоҳи генетика ва биологияи рушди Академияи илмҳои Чин.
Коршиносон бар ин назаранд, ки омикрон ба гумон аст, ки танҳо дар бадани инсон таҳаввулоти зиёд ҷамъ кардааст. Ба андешаи онҳо, эҳтимол дорад, ки барои чунин як қатор тағйирот вирус аввал вориди организми муш шуд ва сипас дубора ба одам ворид шудааст.
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аломати ғайриоддии штамми омикрон ошкор шуд
Муаллифони тадқиқот бо истифода аз мутагенези равонашуда тавонистанд, ки штамми одамро тағйир дода, онро ба ҳуҷайраҳои муш интиқол диҳанд ва тадриҷан сироятпазириро зиёд кунанд. Ҳамин тариқ, якчанд штаммҳои "муш"-и SARS-CoV-2 сохта шуданд, ки таҳаввулоти асосии онҳо бо омикрон мувофиқат мекунанд.
Штамми омикрон бори аввал дар қитъаи Африқо, дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ дар миёнаи моҳи ноябр кашф карда шуд.
Он бо даҳҳо мутатсия дар сафедаи S фарқ мекунад. Фарзияе вуҷуд дорад, ки ин навъи коронавирус дар организми дорои иммунитети паст - эҳтимолан сироятёфтаи ВНМО ба вуҷуд омадааст,
То 16 декабри соли 2021 навъи омикрон дар 89 кишвари ҷаҳон ошкор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала