Дороии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 400 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст

CC BY 2.0 / Emilio Labrador / Car Sales USAАвтомобили, архивное фото
Автомобили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми дороии бахши хусусӣ дар кишварро эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дороии бахши хусусӣ дар кишварро ҳудуди 400 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.
"Агар дороиҳои бахши хусусиро дар кишвар бо арзиши пулӣ ифода намоем, пас он аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқул ва дороиҳои молиявии ширкату корхонаҳои бахши хусусӣ, дар маҷмуъ қариб 400 миллиард сомониро ташкил медиҳад", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Вай инчунин аз афзоиши мошинҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс бо нишондоди соли 1991 изҳор дошт.
Жители Восейского района в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
"Медонем мардум мушкилоти зиёд дорад": Раҳмон фаҳмонд, ки чӣ бояд кард
Ба гуфтаи раисҷумҳур, агар соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд, дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидааст.
"Дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаи нақлиёт ва дигар техникаи таъйиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст", - таъкид намуд раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки талош доранд, барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созанд ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба ҳамин хотиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала