Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод

© AFP 2023 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Президент роҳи барқарор шудани сулҳ дар Афғонистонро дар сарҷамъ шудани мардум ва ташкили ҳукумати фарогир мебинад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона дар борабари мушкилоту пешрафти як солаи Тоҷикистон, ҳамчунин ба вазъи Афғонистон низ дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, сулҳу субот дар кишварҳои ҳамсоя ба нафъи Тоҷикистон аст ва нооромӣ дар ҳамсоякишварҳо ба ҷумҳурӣ бетаъсир намемонад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Тоҷикистон ба тақдири мардуми азияткашидаи Афғонистон бетавофут нест.

Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани мардум ва ташкили ҳукумати фарогир ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар ин кишвар аст", - изҳор дошт роҳбари давлат.

Президент изҳори боварӣ кард, ки мардуми Афгонистон бо тамоми имконоти сиёсию иқтисодӣ ва таърихию иҷтимоӣ, тақдири имрӯзу фардояшро ба даст мегиранд.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати ҳар чӣ зудтар расондани кумаки башардӯстона ба ин кишвар таъкид карда, афзуд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар созмону ташкилотҳо имкони логистикуӣ пешниҳод кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Ҳушдори Раҳмон аз гуруснагию сармо дар Афғонистон: Ӯ аз ташкили ҳукумати фарогир гуфт
"Ҳоло 6 пуле, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд, барои расондани кумаки башарӣ хидмат мекунанд".
Роҳбари давлат афзуд, ки вазъи феълии Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир нест. Ӯ гуфт, тамоми мушкилоте, ки дар минтақаҳои марзӣ рух медиҳад, ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Президенро махсусан қочоқи маводи мухаддир нигарон кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки чун Тоҷикистон таҷрибаи ҷангро пушти сар кардааст, аз ин рӯ ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор шудани ҷанг дар Афғонистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0