Эрон: Барои вуруди муҳоҷирон деворе вуҷуд надорад

© REUTERS / Saeed Ali AchakzaiСемья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте "Ворота дружбы" в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан
Семья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Вазири дохилаи Эрон гуфтааст, ки кишвараш ҳаргиз девор барои мамнуият аз вориди муҳоҷирон накашидааст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон ахиран дар як нишасти муштарак бо Филиппо Гранде, комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон изҳорот дошт, ки Эрон ҳамеша аз нигоҳи башардӯстона бо шаҳрвандони хориҷӣ бархӯрди нек доштааст.
“Аммо ин сабаби он нест, ки аврупоиҳо бо гурезаҳо саҳми худро иҷро накунанд”, - гуфт вай.
Оқои Воҳидӣ афзуд, Эрон аз созмонҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ интизор дорад, ки тааҳҳудоти молии худро дар заминаи паноҳандагон иҷро мекунанд.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Баррасии вазъи Афғонистон дар дидори вузарои хориҷии Эрону толибон
Вазири умури дохилии Эрон дар идома гуфтааст, атбоъи хориҷие, ки дар ин кишвар ҳастанд, мисли соири шаҳрвандони эронӣ хидматрасонии беҳдоштӣ ва дармонии муносибро дарёфт мекунанд.
"Эрон ҳеҷ гоҳ деворе барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон насохтааст, аммо дастгирии байналмилалӣ аз хидматҳое, ки Эрон ба шаҳрвандони хориҷӣ ироа мекунад, ночиз аст", - афзуд Ваҳидӣ.
Вазири умури дохилии Эрон гуфт, аврупоиён ин тасаввурро доранд, ки Эрон муҳоҷиратро мепазираду аз ин ҷиҳат нигарони гусел шудани муҳоҷирон ба самти марзҳои худашон нестанд, ҳол он ки зарфиятҳои Эрон маҳдуданд ва бояд ҳимоятҳои ҷиддӣ дар ин хусус сурат гирад.
Оқои Ваҳидӣ бо ишора ба авзоъ дар Афғонистон гуфт, шароити кунунӣ дар ин кишварро Амрико рақам задааст. Мунҷамид шудани пулҳои мардуми Афғонистон сабаби аслии мушкилоти имрӯзаи мардуми ин кишвар аст.
Ин дар ҳолест, ки бо тассалути толибон ва оғози мавҷи муҳоҷират мақсади аксари муҳоҷирон Эрону Покистон ҳастанд. Аммо марзҳои ин ду кишвар ба рӯи паноҳҷӯён бастаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала