ФИФА ваъда дод, ки ба футболи тоҷик 16 миллион евро медиҳад, аммо бо як шарт

© Пресс-служба Федерации футбола ТаджикистанаРустам Эмомали и представитель FIFA
Рустам Эмомали и представитель FIFA - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Федератсияи байналмилалии футбол тасмим гирифтааст, ба 211 узви худ 16 миллионевроӣ диҳад, аммо барои ин шарт гузоштааст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Аъзои ФИФА, аз ҷумла Тоҷикистон агар тасмими ин ташкилотро барои гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ду сол як бор дастгирӣ кунанд, 16 миллион евро дарёфт хоҳанд кард.
Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии ФИФА, президенти ташкилот Ҷанни Инфантино бар асоси таҳқиқоти ду ширкат гуфтааст, ки дар сурати ҳар ду сол гузаронидани Қаҳрамонии футболи ҷаҳон вазъи иқтисодии 211 федератсия беҳтар хоҳад шуд.
Люди идут мимо здания Международной федерации футбола (ФИФА) в Цюрихе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон 4 “қадам” пеш рафт
Инфантино дар такя ба таҳқиқотҳо гуфтааст, баргузории ҷоми ҷаҳон ҳар ду сол 4,4 миллиард доллар даромад меорад.
"Ин маблағҳо дар байни 211 ассотсиатсияи узви ФИФА тақсим мешаванд. Даромади иловагӣ эҳтимолан маблағгузории як узви ФИФА дар давраи аввали чорсоларо аз 6 миллион то 25 миллион доллар афзоиш диҳад. Ҳадафи мо кумак кардан аст, ки фарқияти байни аъзои ФИФА коҳиш ёбад ва ба ҳарчи бештари ассотсиатсияҳо имкони воқеии бозӣ дар арсаи ҷаҳониро дошта бошанд”, - гуфт Инфантино.
Ба гуфтаи президенти ФИФА, ҳадафи ин тасмим танҳо кам кардани фосилаи миёни федератсияҳо ва дастгирии онҳо барои расидан ба арсаи ҷаҳонӣ аст.

"Уҳдадориҳои ФИФА барои ояндаи футбол устувор боқӣ мемонанд, зеро мо мехоҳем ба ҳар як истеъдод имконият диҳем ва муҳити мувофиқро барои иҷрои ин ваъда тавассути мусобиқаҳои худ фароҳам орем", - гуфт мудири рушди ҷаҳонии футболи ФИФА.

Ин тасмими ФИФА-ро Иттиҳодияи футболи Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ дастгирӣ намекунанд ва таъкид кардаанд, ки тағйиротеро таҳрим хоҳанд кард.
Моҳи марти соли оянда ҷаласаи ФИФА барпо мегардад ва агар ин тарҳ қабул шавад, аз соли 2026 қаҳрамониҳои ҷоми ҷаҳон ҳар ду сол як бор доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар соли 2020 ФИФА барои аъзояш, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аз пандемия зарар дида буданд, 1,5 миллиондолларӣ дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала