Онҳо чӣ мегӯянд? Ғарб намедонад ба Русия чӣ ҷавоб диҳад

© Sputnik / Евгения НовоженинаКремл. Акс аз бойгонӣ
Кремл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Ошуфтагӣ, эҳтиёткорӣ, тааҷҷуб, номуайянӣ ин аввалин вокуниши Ғарб ба ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Русия аст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik, Владимир Корнилов. Бо вуҷуди аҳамият ва собиқаи пешниҳодҳо аксари расонаҳои ғарбӣ (хусусан Аврупо) таваққуфи тӯлонӣ ихтиёр карда, дар бозтоби ин масъала душворӣ мекашанд. Тавре ки коршиноси сиёсии олмонӣ Александр Рар кайд кард, то ҳол ҳеҷ як матбуоти Аврупо ҷуръат накардааст, ки лоиҳаи созишномаи амниятии пешниҳодкардаи Москваро камубеш пурра чоп кунад.
Аз тавзеҳоте, ки аз кремлиншиносон бармеояд, метавон эҳсос кард, ки онҳо аз забон ва ошкорбаёнии пешниҳодҳои Кремл дар тааҷҷуб мондаанд. Дар тӯли 30 соли охир Ғарб ошкоргӯӣ ва хушанатро фаромӯш карда буд.
Мушкилоти асосии шореҳони ғарбӣ чӣ гуна баён намудани пешниҳодҳои Русия аст, ки татбиқи онҳо, бешубҳа, боиси коҳиши шиддати вазъ ва халъи силоҳ мегардаду ҷаҳонро аз вартаи ҷанги ҳастаӣ дур мекунад. Бинобар ин ташаббусҳои сулҳҷӯёнаро набояд ташаббуси сулҳҷӯёна номид. Бо назардошти тавзеҳҳои аввалини ногувор аз расонаҳои хориҷӣ, онҳо роҳи раҳоиро дар вожаҳои "талабот" ва "шарт" пайдо кардаанд: ба ин васила ҳатто пешниҳодҳои сулҳҷӯёнаи Русияро ҳамчун шантажу таҳдид ба хонандагонашон муаррифӣ карданд.
Спасская башня Московского Кремля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Шарти Русия ба Ғарб: агар қабул нашавад, натиҷааш чист?
Масалан, хабаргузории давлатии Олмон DW дар ин бора зери сарлавҳаи "Русия аз НАТО талаб мекунад, ки Аврупои Шарқиро тарк намояд" гузорише навиштааст. Агар олмониҳо лоиҳаи шартномаи пешниҳодкардаи Вазорати корҳои хориҷии Русияро бодиққат хонда бошанд, онҳо дарк кардаанд, ки қариб ҳамаи пешниҳодҳо барои тавсеа наёфтани НАТО аст.
Тибқи вокуниши сафири собиқи Амрико дар Русия Майкл Макфол, ӯ низ нафаҳмид, ки мо дар умум чӣ пешниҳод кардем ва чӣ гуна бояд вазъро дар сатҳи кунунӣ ислоҳ кунем. Мо мехоҳем вазъро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем. Дар посух дипломати амрикоӣ пешниҳодҳои худро ба миён гузошт: хуруҷи нерӯҳои Русия аз Приднестрове, бозпас гирифтани эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон, “баргардонидани Қрим ба Украина” ва ғайра.
Мо ба монанди Макфол ҷавоб дода, албатта, метавонистем пешниҳод кунем, ки Амрико ҳамаи пойгоҳҳои худ дар хориҷро бандад, НАТО-ро барҳам диҳад. Аммо як сиёсатмадори варзида ба таври ҷиддӣ бар ин назар аст, ки маҳз вақте ҳар як идея ба ҷои бемаънӣ мерасад, гуфтушунид бояд сурат гирифт. Бале, ҳоло ин сатҳи дипломатияи Ғарб аст, ки танҳо ҳамдардии Русия ба корпуси дипломатӣ боқӣ мемонад.
Немецкий политолог Рар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Сиёсатшиноси олмонӣ шарҳ дод, ки чаро Аврупо аз Русия метарсад - видео
Бар асоси нахустин вокуниши рӯзноманигорон ва таҳлилгарони ғарбӣ метавон ба хулоса кард, ки қабл аз омӯзиши муфассал шартҳои беасос пешниҳод мекунад. Масалан, сомонаи “Axios” дар бораи пешниҳодҳои Русия ба таври зайл менависад: "Коршиносон талаботи Русияро ҳадди аксар шумурда, онҳоро қобили қабул намедонанд". Онҳо аз пешниҳодҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО пайравӣ мекунанд.
Дипломати дигар Стивен Пайфер, сафири пешини ИМА дар Украина тарҳи созишномаҳоро ин тавр шарҳ медиҳад: "Пешниҳоди созишномаҳои НАТО - Русия ва ИМА - Русия дар Маскав пур аз талабҳое ҳастанд, ки Кремл бояд дарк кунад, барои Ғарб қобили қабул нест. Мо ин гуна таҳлилҳоро дар аксари шарҳҳои таҳлилгарон, ки "коршиносони Русия" дар Ғарб маҳсуб мешаванд, мехонем. Тасаввур кунед, вокуниши хашмгини як хонандаи амрикоие, ки бар асоси ин маълумот ба хулосае меояд, русҳо боз талош доранд, бидуни гап ӯро зери нишони туфангча гирад.
Аммо ҳар ду лоиҳаи шартномаҳо, ҳам бо НАТО ва ҳам бо Амрико танхо уҳдадориҳо ва кафолатҳои тарафайнро дар назар доранд.
Маълум аст, ки дар паси пардаи гуфтушунид дипломатҳои мо ба шарикони худ муфассалтар шарҳ медиҳанд, ки агар Ғарб ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи моро рад кунад, Маскав чӣ иқдом хоҳад кард. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко инро чунин шарҳ дод: "Агар қабул нашуд, Русия ба режими эҷоди таҳдидҳои муқобил мегузарад. Он гоҳ хеле дер хоҳад, шуд, ки аз мо суол кунанд, чаро мо чунин тасмим гирифтем".
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Русия ҳузури Амрикоро дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ қабул надорад
Барои онҳое, ки дар Ғарб забони дипломатиро намефаҳманд, мо метавонем шарҳ диҳем, ки матни ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо бодиққат хонанд ва ба он диққат диҳанд, ки Русия на танҳо аз Ғарб, балки аз шиддат гирифтани вазъият худдорӣ мекунад ва худи Русия як қатор уҳдадориҳоро ба дӯш мегирад.
Аз ҳама нигаронкунанда дар шарҳҳои "коршиносон дар умури Русия" бехабарӣ аз хатти хатарнок аст, ки мо ҳама ба он наздик шудаем, на бе талоши онҳо. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро сармаст кард ва дар ин замина ҳисси таносуби худро гум карданд. Онҳо дарк намекунанд, ҷаҳоне, ки бо зӯриву таҳдидҳо асос ёфтааст, устувор нест. Аммо аз ин ҳам хатарноктар ҷаҳонест, ки дар он танҳо як тараф бидуни ҳеҷ гуна санҷишу мувозинат посуху таҳдидҳоро афзоиш медиҳад. Ин вазъият барои инсоният оқибатҳои ғамангез дорад.
Аз ин рӯ Русия пешниҳод мекунад, ки аз ин хат дур шавад ва ҳамоҳангӣ накардани бо Ғарб ин ташаббусҳои сулҳомези Маскав Русия иқдомҳои амниятӣ анҷом медиҳад. Дар ниҳоят Ғарб бояд дарк кунад, ки созишномаҳои нав метавонанд ҷаҳонро аз фалокат дур кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала