Ҳабсу парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ду ҷавон барои латукӯби духтарони ноболиғ дар Душанбе

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот боздоштшудаҳоро аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, нафароне, ки ба иддаои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, дар латукӯби ду духтари наврас дар пойтахт даст доранд, боздошту ба идораи милиса дастрас карда шуданд.
Ин афрод, ки аксашон рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ба гуфтаи ноширон, ду духтари наврасро дар маркази Душанбе озор дода буданд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо Қ.К. ва Н.М, ҷавонони 20 ва 27- солаи сокини пойтахт буда, зимни санҷиш муайян шудааст, ки тахминан соатҳои 15.40 дақиқаи 19 декабр ду духтари ноболиғро бо сабаби ранг кардани мӯйи сар ва надоштани сатру руймол мавриди дашном қарор додаанд.
Сипас баъди он ки духтарон бо телефон кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписаронро сабт карданӣ мешаванд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста, бо истифода аз зӯр онҳоро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор медиҳанд, афзуд манбаъ.
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Боздошти директори ширкати сохтмонии БМВ-савор, ки ба духтарон пул нишон доду дашном кард
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур ва нисбати дастгиршудагон Қ.К. ва Н.М., тибқи талаботи моддаи 237, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Назари худи муттаҳамон феълан дар бораи ин қазия маълум нест.
Айни ҳол тафтишот дар ин хусус идома дорад, афзуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала