Интиқоди Раҳмон аз кори омӯзгорон: "Худамонро фиреб мекунем"

© RussiaTodayПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори омӯзгорон интиқод кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон аз фаъолияти омӯзгорон интиқод карда, таъкид намуд, ки бе рушди маориф пешравии дигар соҳаҳо амри муҳол аст.
Кишвардор зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумони кишвар гуфт, аксари омӯзгорон аз методҳои куҳнаи дарсдиҳӣ истифода мекунанд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд.

"Конспекти аксари муаллимон куҳна аст, системаи нави иттилотиро намефаҳманд. Аз куҷо баъд сифати таълим баланд мешавад? Мо худамон худамонро фиреб медиҳем, фақат шумора ҳасту диплом медиҳем", - гуфт президент.

Кишвардор таъкид кард, ки бояд аз ин навъи низоми дарсдиҳӣ даст кашид.
Ӯ гуфт, дар соҳаи маориф ислоҳот гузаронидан лозим аст.
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
"Писарам, чаро нахондӣ?" Раҳмон гуфт, киҳо баъди 10 сол вазиру вакил мешаванд
Президент ҳамчунин ба мавзуи забономӯзии хонандагону омӯзгорон дахл карда гуфт, бояд ҳар як омӯзгор ба ду забони хориҷӣ - русӣ ва англисӣ ҳарф зада тавонад.
Ӯ таъкид кард, новобаста аз фанни дарсдиҳӣ муаллим бояд аққалан ба ин ду забон суҳбат карда тавонад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мехоҳад ба парлумон пешниҳод кунад, ки дар даҳ соли оянда ба мақомоти давлатӣ танҳо одамонеро ба кор гиранд, ки ин ду забони хориҷиро монанди забони модарияшон медонанд.
Лентаи хабарҳо
0