Аз Комроншоҳу Темур то Миҷгона: 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон аз нигоҳи АЖРВТ

Комроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон исми 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2021-ро нашр кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Нарзулло Латифов, раҳбари анҷуман, ин феҳраст дар пайи натиҷагирӣ аз назару андешаҳои хабарнигорони варзишӣ дар риштаҳои гуногун таҳия шудааст.
Соли 2021-ро Нарзулло Латипов барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ арзёбӣ кард. Зеро ба гуфти ӯ, даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ширкат карданд, вале бидуни медал монданд.
Даҳ варзишкори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2021, аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, чунин аст:
Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе;
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Темур Раҳимов дар Боку медали нуқра гирифт - видео
Акмалиддин Каримов (самбо) – барандаи медали тилои чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия;
Комроншоҳ Устопириён (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Abu Dhabi Grand Slam 2021”) дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе;
Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар Бишкеки Қирғизистон;
Хушқадам Хусравов (самбо) - барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, ғолиби ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия;
Далер Ризозода (гуштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон;
Мижгона Самадова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Миҷгона Самадова медали тилои Ҷоми ҷаҳонии боксро гирифт
Миҷгона Самадова (бокс) - барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабо, медали тилои ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия;
Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;
Шаббос Неъматуллоев (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;
Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) - барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар Бейрути Лубнон.
Лентаи хабарҳо
0