Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Душманро бояд шинохт: олимони Русия акси омикронро нашр карданд

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Вирусшиносони Русия тавонистанд навъи нави коронавирусро бо истифода аз қатрони эпоксидӣ ва микроскопи электронӣ сабт кунанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар ихтиёри олимони Маркази илмии вирусшиносӣ ва биотехнологияи "Вектор" акси навъи коронавируси омикрон пайдо шуд.
Дар гузориши "Роспотребнадзор" гуфта мешавад, мутахассисон ҳуҷайраҳои "Vero E6"-ро бо навъи омиронии коронавирус сироят кардаанд, то шакл, андоза ва мавҷудияти сохтори онро омӯзанд.
Ҳуҷайраҳоро дар шишаҳои махсус, ки шаш рӯз он ҷо парвариш мешуданд, ҷудо карданд.
"Баъд аз омода кардани намуна ҳуҷайраҳо дар омехтаи қатронҳои эпоксидӣ ҷойгир карда шуданд. Аз ин блокҳо қисмҳои хеле тунук сохта шуд, то намунаҳои ҳосилшуда шаффоф бошанд ва онҳоро зери микроскопи электронӣ дидан мумкин бошад", - омадааст дар гузориш.
Дар тасвирҳо сохторҳои везикулярӣ нишон дода шудаанд, ки барои синтез ва интиқоли моддаҳои барои ҳаёти ҳуҷайраҳо зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Олимон қайд мекунанд, дар мавриди омикрон чизи ғайриоддӣ аст, ки вирус нисбат ба дигар штаммҳо хеле сусттар ҷамъ мешавад ва ҳатто дар рӯзи шашуми инкишофи сироят боиси марги ҳуҷайра намегардад.
Ҳолати онҳо ҳангоми сироятёбӣ бо штамми омикрон ба ҳолате, ки дар рӯзи дуюм ё сеюми сироятёбӣ бо делта ё алфа мушоҳида мешавад, мувофиқат мекунад.
Ёдовар мешавем, бори нахуст штамми нави коронавирус дар қитъаи Африқо, дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даҳшат ва марг: штамми омикрон ИМА-ро иҳота кард
Фарқи асосии он аз дигар штаммҳо дар вуҷуди таҳаввул дар омикрон гуфта мешавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин варианти вирусро "нигароникунанда" эълон карда ва онро бо ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.
Коршиносон қайд мекунанд, ҳам одамоне, ки вирусро аз сар гузаронидаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, ба омикрон сироят меёбанд.
Дар Русия навъи нави коронавирус дар 30 нафар тасдиқ шудааст. Дар Тоҷикистон, бино ба гузоришҳои Вазорати тандурустӣ, беш аз як моҳ мешавад, ки ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Олимони Чин: Омикрон ба таври сунъӣ эҷод шуд
Табибон хастагии шадид, дарди сар, дарди бадан ва сареъ шудани кори дилро аз нишонаҳои омикрон мегӯянд.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфта буд, ки паҳншавии омикрон нигарониҳои ҷиддиро ба бор меорад, зеро дар Африқо аллакай 75%-и ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нав рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0