Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана
Сотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон панҷсолаи рушди саноатро эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт солҳои 2022-2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.
"То ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар солҳои рушди саноат эълон карда шавад",- таъкид кард президенти Тоҷикистон.
Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон дастур дод, ки дан ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.
Ҳамзамон ӯ гуфт, даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.
Раисиыумщур гуфт, аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафра мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корҳонаҳо низ бояд бештар гардад.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Раҳмон дар бораи афзоиши ММД дар Тоҷикистон гуфт
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлати Тоҷикистон натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст карда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.
Имсол дар толори Кохи Сомон вакилони палатаи болоии парлумон, муовинон, сарвазир, аъзои дастгоҳи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доранд.
Илова бар ин, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони ҷомеа ба ин паём гӯш медиҳанд ва суханронии раисиҷумҳур аз тамоми шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешавад..
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала