Раҳмон аз мавқеи зан дар ислом ва дар Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие дворца культуры в Матчинском районе Таджикистана
Открытие дворца культуры в Матчинском районе Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, 49,3 дарсади аҳолии ҷумҳуриро занон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, беш аз 73 дарсади кормандони маориф, 27 фоизи кормандони соҳаи илм ва зиёда аз 23 фоизи кормандон дар соҳаи кишварзӣ занонанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта, таъкид намуд, ки бонувон дар бахшҳои дигар низ содиқона фаъолият доранд.
Роҳбари давлат афзуд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон то 30 дарсад зиёд намудани хизматчиёни давлатӣ ва 25 дарсад расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар назар аст.
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
"Писарам, чаро нахондӣ?" Раҳмон гуфт, киҳо баъди 10 сол вазиру вакил мешаванд
Раҳмон таъкид намуд, ки зан - модар муқаддас буда, ҳамаи бузургон, аз ҷумла паёмбари Ислом аз домони поки модар ба дунё омадаанд. Ӯ аз ҷумла мавқеи болои занро дар ислом мисол оварда, зикр намуд, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум ба номи "Нисо" нозил шуда истодааст.
Ӯ аз бори гарони бонувон дар ҳаёт гуфта, изҳор дошт, ки агар фарзандон як умр хидмати модар кунанд, баробари аллаи якшабаи модар болои гаҳвора шуда наметавонанд.
"Тифлро кӣ ба дунё меорад, кӣ тарбия мекунад, кӣ донишмандаш мекунад, кӣ маршал, генерал, нависанда, олимаш мекунад?", - суол гузошт Раҳмон дар хитоб ба ҳозирин.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, инчунин аз 42 ҳазор муҳассилини тоҷикистонӣ дар хориҷ зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтаронанд.
Ӯ муҳим хонд, ки имкониятҳо барои таҳсили занон, омӯзиши касбу кори гуногун боз ҳам густариш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала