Раҳмон: Тоҷикистон тавонист аз бунбасти энержӣ берун шавад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон побывал на строящейся плотине Рогунской ГЭС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон побывал на строящейся плотине Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Давоми 20 соли охир кишвар аз буҳрони энергетикӣ бомуваффақият баромада, дар мамлакат қариб 300 объекти нави ин соҳа ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии худ ба порлумони кишвар гуфт, ки дар солҳои истиқлол дар бахши энержӣ чӣ гуна тағйирот ба вуҷуд омадааст.
Аз соли 2011 инҷониб кишвар аз бунбасти энергетикӣ баромада, ба системаи ягонаи энергетикӣ гузашт.
Аз ин давра то кунун дар Тоҷикистон 287 иншооти нави энергетики ба истифода дода, қариб 1,5 ҳазор километр хатти баландшиддати нерӯи барқ ва 50 истгоҳ ба истифода дода шуд.

"Дар ҷумҳурӣ 75% тамоми системаҳои энергетикӣ нав карда шуданд. Дар ин муддат тавлиди зиёда аз ду ҳазор киловатт нерӯи барқ ба роҳ монда шуд", - гуфт президент.

Ба соҳаи энергетика беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 59 миллиард сомонӣ мустақиман мебошад.
Сотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳоло рушди энержии сабз ва алтернативӣ муҳим аст ва ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии рушди давлат гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлат натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала