Шойгу аз интиқоли терроризм аз Афғонистон ба кишварҳои СААД гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Вазири дифои Русия аз эҳтимоли мувоҷеҳаи мантақа бо хатароте аз Афғонистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, ноором шудани вазъ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ба кишварҳои СААД ва афзоиши қочоқи маводи мухаддирро афзоиш медиҳад.
"Нооромии вазъ дар Афғонистон хатари интиқоли терроризм ва маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои СААД-ро ба вуҷуд меорад", - таъкид кард Сергей Шойгу дар нишасти густурдаи Вазорати дифоъ бо иштироки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Шойгу ҳамчунин афзуд, Вазорати дифоъ вазъи Афғонистонро таҳти назорат гирифтааст ва ба ҳама таҳдидҳои амниятӣ омодааст, ба таври ҷиддӣ вокуниш нишон диҳад.
Валерий Герасимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Душман рахна нахоҳад кард: СААД террористонро ба Осиёи Марказӣ роҳ намедиҳад
Ёдовар мешавем, чанде пеш Александр Гребенкин, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки аз вазъият дар Афғонистон чандон хушбин нест ва таҳдидҳои нави бузургро дар бахши қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати беназорат ба вуҷуд меорад.
Вай гуфта буд, "ҷангҷӯён ва террористон аз Афғонистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавассути Қазоқистон аз он ҷо ба Русия ворид шаванд".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала