Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Даҳшат ва марг: штамми омикрон ИМА-ро иҳота кард

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Тибқи пешгӯиҳои табибон, штамми нави COVID-19 метавонад дар дигар кишварҳо низ доман густарад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳида штамми нави коронавируси омикрон дар ҳоли тавсеа аст. Дар давоми як ҳафта аз чор се ҳиссаи ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар ба ин штамм рост меояд. Дар ин бора танзимгари тиббии CDC хабар дод.
Штамми омикрон 1 декабр дар ИМА буруз кард ва то 18-ум он босуръат дар саросари ин кишвар паҳн шуд. Ҳоло он тақрибан 75% ҳамаи ҳолатҳои тасдиқшударо ташкил медиҳад.
Қаблан дар Иёлоти Муттаҳида навъи делтаи коронавирус тавсеа ёфта буд.
Дар робита ба паҳншавии омикрон президенти ИМА Ҷо Байден ба мардум муроҷиат мекунад. Раҳбари Кохи Сафед дар бораи тадбирҳои наве, ки дар кишвар барои пешгирӣ кардани афзоиши беморӣ андешида мешаванд, хоҳад гуфт.
Қаблан дар иёлати Техас аввалин ҳолати марг аз омикрон сабт шуда буд. Он ҷо як марди 50-сола қурбон шуд. Ба гуфтаи табибон, бемор бо саломатиаш мушкил дошт ва афзун бар ин, вай зидди коронавирус ваксина нагирифта будааст.
Тестирование на коронавирус (COVID-19) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Олимони Чин: Омикрон ба таври сунъӣ эҷод шуд
Дар ҳамин ҳол омикрон ба дигар кишварҳо низ роҳ меёбад. Табибони олмонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки пас аз чанд ҳафта ин навъи коронавирус дар Олмон ҳукмфармо хоҳад шуд.
Ин штамм дар Ҳиндустон низ паҳн мешавад. Қаблан Вазорати тандурустии ин кишвар аз ошкор шудани беш аз 200 мавриди гирифторӣ ба омикрон хабар дода буд.
Дар Колумбия се бемори аввал гирифтор бо ин навъ ошкор шудааст.
Омикрон ба Аврупову ҷаҳон зарбаи нав мезанад
Ёдовар мешавем, ки штамми нави коронавирус дар аввали моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуда буд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омикронро сабаби нигаронӣ медонад.
Лентаи хабарҳо
0