Навори сӯхтори супермаркет дар Томск: "Аз маводи тарфгарӣ оғоз шудааст" - видео

Бархе манобеъ мегӯянд, сӯхтор амдӣ буда, муттаҳам маводи тарфгариро дар мағоза оташ задааст
Дар яке аз марказҳои бузургтарини вилояти Томск сӯхтор сар зад. Маҷмаи тиҷоратии "Лента" дар дар кӯчаи Елизаровҳо оташ гирифтааст.
Бар асоси иттилоияи пешакӣ, сӯхтор метавонист натиҷаи кори нодурусти шабакаҳои барқӣ рух диҳад. Сӯхтор аз қитъаи маводи ғайриғизоӣ рух додааст.
Дар зимн РИА "Новости" бо такя ба манобеаш хабар додааст, ки ин ҳодиса қасдан анҷом шуда, ҷинояткор бахши маводи тарфгариро оташ задааст.
Таъкид шудааст, ки пулис шахсияти нафари дастандаркорро муайян намуда, ӯро мавриди бозҷӯӣ қарор додааст.
Аз бинои оташгирифта ҳудуди 200 нафар берун оварда шуданд ва касе осеб надидааст. Дар пайи сӯхтор маводи тарфгарӣ ва зарфҳои газ оташ гирифта, қисмати бино дар майдони 3,5 ҳазор метри мураббаъ хароб шудааст.
Барои оташнишонӣ 90 нафар ва 30 техника сафарбар шудааст. Масъулин мегӯянд, ба биноҳои наздик таҳдиде вуҷуд надорад.
Маврид ба зикр аст, ки маркази тиҷоратии "Лента" соли 2016 ифтитоҳ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала