Туркия низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро лағв кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксМеждународный аэропорт имени Ататюрка
Международный аэропорт имени Ататюрка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Вазири Туркия таърихи эътибор пайдо кардани низоми сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони кишвар ва дар бораи дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Туркия маҳдудиятҳои раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро лағв мекунад, гуфт Мустафо Варанк, вазири саноат ва технологияи Туркия дар ҳамоиши дуҷонибаи доираҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Кония.
Ба гуфтаи Варанк, маҳдудиятҳо дар моҳи январи соли 2022 лағв хоҳанд шуд.
Дар ҳоли ҳозир бо шиносномаи хориҷӣ ва бидуни раводид метавон дар Туркия то 30 рӯз, бо шиносномаи расмӣ то 60 рӯз ва бо шиносномаи дипломатӣ то 90 рӯз монд.
Ин иқдом, ба гуфтаи вазир, ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои маориф ва гардишгарӣ равобити таърихиву фарҳангиро ба таври амиқ тавсеа диҳад.
Вай таъкид кард, ки ба далели иқдомоти мутақобил дар заминаи молиёт, логистика ва низоми бидуни раводид имкон пайдо мешавад, ки гардиши мол миёни Туркия ва Тоҷикистон ба 1 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Медицинский работник готовит дозу вакцины Pfizer-BioNTech во время массовой вакцинации в Ронде, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Туркия барои Тоҷикистон пизишк омода мекунад
Дар 10 моҳи соли 2021 ҳаҷми муомилоти молии Туркия ва Тоҷикистон ба 362 миллион доллар расидааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 давлат низоми якҷонибаи бидуни раводид ҷорӣ мекунанд. Туркия дар рӯйхати ин кишварҳо қарор дорад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода мешавад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 30 рӯз иқомат кунанд ва пас аз он раводид гирифтанашон лозим аст.
Ёдовар мешавем, шаҳрвандони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, бар асоси қарордодҳо дар бораи низоми бидуни раводид, барои сафар ба Тоҷикистон ба виза ниёз надоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала