Арзонтарин таъруфаҳои барқ: Тоҷикистон дар кадом зина қарор гирифтааст?

Тибқи пажуҳиши як оҷонси таҳқиқотии Бритониё, кишварҳои ИДМ дар феҳристи дорои арзонтарин таъруфаҳои барқ дар ҷаҳон пешсафанд
Таҳлилгарони бритониёӣ 3883 таъруфаи барқро дар 230 кишвари ҷаҳон омӯхтаанд. Арзонтарин таъруфа дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ будааст.
Ба омилҳои иловагӣ андоз, нарх, арзиши насби дастгоҳи шумориши барқ ва ҳаққи пайвастшавӣ дохил шуданд.
Баландтарин таъруфҳо дар кишварҳои ҷазираӣ ба назар мерасад. Ба нархи барқ ҳамчунин мушкилии тавлиди нерӯи барқ ​​ва набуди нерӯгоҳҳои азим таъсир мерасонад.
Дар кишварҳои ИДМ ба ҳисоби миёна нархи барқ дар сатҳи минтақаӣ арзонтарин мебошад. Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии кишварҳои дорои арзонтарин нерӯи барқ ​​барои аҳолӣ дар ҷои шашум қарор гирифтааст.
Нархи нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон нисбат ба Ӯзбекистон арзонтар ва аз Қирғизистон каме гаронтар аст.
Дар ҳамин ҳол дар боари таъруфаҳои барқ аз Туркаманистон иттилое вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала