Баҳси мақомоти Русия дар мавриди муҳоҷирон: қонунҳои нав чигуна хоҳанд буд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Мақомоти гуногуни Русия бархе тағйиротро ба қонунгузории муҳоҷирати кишвар пешниҳод кардаанд, ки аз ҳамдигар ба таври назаррас тафовут доранд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Миёни ниҳодҳои гуногуни Русия бархе мухолифатҳо дар мавриди тағйирот ба қонунгузории муҳоҷират дар кишвар ҷой дорад. Дар ин бора зимни ҷаласа, ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, қонунгузорӣ - омили калидӣ ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши муҳоҷират мебошад.
Медведев изҳор дошт, ки ҳамкоронаш бархе пешниҳодҳоро ироа кардаанд, ки баррасӣ мешаванд. Ин пешниҳодҳо бо назардошти дастуроти раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ироа мегарданд.
На стройплощадке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Боз ҷойгузин пешниҳод шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Русия меравад?
Ноиби раиси Шӯрои амният бо такя ба мутахассисон гуфт, қонунгузории кишвар дар бахши муҳоҷиратро бояд дар заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ коркард намуд. Ин кори мураккаб аст.

"Баррасӣ нишон дод, ки мавқеи ниҳодҳои алоҳида дар ин масъала ба таври назаррас фарқ мекунанд", - таъкид намуд Медведев.

Ӯ афзуд, ки дар ояндаи наздик чанд ҷаласа дар назар аст, ки зимни онҳо тағйироти сиёсат дар умури муҳоҷират муфассал баррасӣ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 29 декабр дар Русия кортҳои ҳомили чипи иттилоотӣ дода мешавад. Дар он ҷо тамоми маълумоти зарурӣ, аз ҷумла изи ангушти соҳиби он ҳифз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала