Сафири Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Муҳаммад Зоҳири Ағбар барои таваҷҷуҳ ва кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон, хосатан паноҳандагони ин кишвар дар Тоҷикистон сипос гуфт
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Душанбе ба паноҳандагони афғонистонӣ доруворӣ кумак карданд, хабар медиҳад Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ҷумҳурӣ.
Дар маросими супоридани кумаки тиббӣ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар иштирок ва зимни суханронӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ташаккур кард.

"Барои таваҷҷуҳ ва кумакрасонӣ ба гурезагону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон сипосгузорем", - афзуд ӯ.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо гузоштани аксҳо аз ҷараёни ин маросим дар сафҳаи "Facebook"-и худ зикр намудааст, ки ба паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миилону 256 ҳазор доллар кумаки тиббӣ ихтисос дода шуд.
Гуфта мешавад, маводи тиббӣ аз моҳи январи соли оянда аз ҷониби ҷамъияти мазкур ба беморхонаҳои марбут ба онҳо тақсим мешавад.
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод
Дар маросими супоридани маводи тиббӣ намояндагони ҳукумату вазоратҳо, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин худи масъулони ҷамъияти мазкур ҳузур доштанд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ низ ба масъалаи Афғонистон дахл кард ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвар аст.
Президент бори дигар ба зарурати ирсоли саривақтии кумакҳои башардӯстона таъкид кард ва гуфт, шаш пуле, ки ҳоло Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, омодаи хидматрасонӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала