Эълони се номзад ба унвони беҳтарин футболбози сол дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевДилшод Восиев (слева) и Фатхулло Фатхуллоев, архивное фото
Дилшод Восиев (слева) и Фатхулло Фатхуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Федератсияи футболи Тоҷикистон исми се номзад ба унвони беҳтарин бозигари ҷумҳурӣ дар соли 2021-ро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Фатҳулло Фатҳуллоев, Илҳомҷон Баротов ва Алишер Ҷалилов ба феҳрасти номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбози сол дар Тоҷикистон ворид шудаанд.
Ба иттилои ФФТ, 25 декабр дар маҷмаи "Кохи Парфенон" маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои бахши футбол дар соли равон баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ ғолибон дар панҷ бахш эълон шаванд.
Аз ҷумла чеҳраи умедбахши лигаи ҷавонон, беҳтарин футзалбоз, беҳтарин бонуи футболбоз, беҳтарин футболбози тоҷикистонӣ, ки дар хориҷи кишвар бозӣ мекунад ва беҳтарин футболбози сол ҷоиза хоҳанд гирифт.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Сабукӣ барои ҷалби бозигарону мураббиён аз хориҷ ва рушди футбол дар Тоҷикистон
Дар бахши беҳтарин футболбозони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд, ба рӯйхати довталабон нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев аз "Локомотив" - и Булғористон, Эҳсони Панҷшанбе аз "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон ва инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев аз "Торпедо-БелАЗ"-и Беларус ворид шудаанд.
Дар қатори довталабони унвони беҳтарин футболбози сол Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари "ССКА", Илҳомҷон Баротов, ҳамлагари тими "Истаравшан" ва Алишер Ҷалилов, сардори дастаи "Истиқлол" қарор гирифтаанд.
Ин бозигарон дар солҳои гуногун беҳтарин эълон шуда буданд. Аз ҷумла Фатҳулло Фатҳуллоев унвони беҳтарин бозигари Тоҷикистонро соли 2017, Алишер Ҷалилов - 2019 ва Илҳомҷон Баротов соли гузашта соҳиб шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала