Мақомот ба соҳибкорон: Манфиати худро аз сиҳҳати ҷамъият боло нагзоред

© Sputnik / Амир ИсаевФестиваль еды в Душанбе
Фестиваль еды в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба соҳибкорон ҳушдор додаанд, ки дар арафаи Соли Нави милодӣ аз фурӯши маҳсулоти пастфаст худдорӣ намоянд ва саломати мардумро болотар аз манфиати худ гузоранд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ахиран роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо соҳибкороне, ки ба харидуфурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдору шириниҳо машғуланд, дидору гуфтугӯ кардаанд.
Масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар ин дидор қайд каранд, бо фарорасии Соли Нави милодӣ талабот ба ширинию маҳсулоти қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат зиёд мегардад ва гурӯҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯшнарафтаро ба савдо мегузоранд, ки ба сиҳҳати ҷамъият таъсири зиёд мерасонад.

“Аз ин лиҳоз аз соҳибкороне, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, қатъан талаб шуд, ки сиҳҳати оммаро аз манфиати хеш боло донанд”, - гуфт манбаъ.

Таъкид шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Вывеска на здании Таджикстандарт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2020
Маҳсулоти пастсифат ворид нашуд: Тоҷикстандарт боз як ширкати бемасъулиятро номбар кард
Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд 40 сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол аст, ки миёни онҳо 20 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғул мебошад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар соли равон аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳр беш аз 100 кило маҳсулоти қаннодии шубҳанок ва муҳлати истеъмолошон гузашта мусодира шудааст.
Инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ нисбати ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин дидор зикр гардидааст, ки тадбирҳои беҳдоштии марказ пеш аз ҳама барои пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0