Масири Душанбе - Чаноқ ҳамарӯза ба муддати ҳафт соат масдуд мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевТоннель Истиклол, архивное фото
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Ширкати IRS аз маҳдудияти ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд хабар дод. Ин маҳдудиятҳо то замони пурра таъмир шудани нақби "Истиқлол" идома меёбанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ ҳамакнун ба вақти шом ҳам масдуд мешавад, дар ҳоле ки қаблан ширкати IRS танҳо аз маҳдудиятҳои нисфирӯзӣ хабар дода буд.

Ин ширкат тасмимашро ба ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъмирӣ дар нақби "Истиқлол" рабт дод.

Қаблан ширкати IRS хабар дод, ки аз 20 декабр барои 10 рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи ин нақб аз соати 09:00 то 13:00 боздошта мешавад. Аммо рӯзи гузашта маҳдудияҳо ба вақти шом ҳам ҷорӣ гардиданд.
Ҳамакнун ҳамарӯза аз соати 21:00 то 24:00 ҳарати нақлиёт дар ин масир масдуд мешавад ва дар нақб низоми ҳавософкунӣ насаб мешавад.
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
IRS мегӯяд, роҳи алтернативӣ ҳатмӣ нест ва масири пулакӣ барои сарфаи буҷа аст
Ёдрас мекунем, дар роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақби "Истиқлол" борҳо маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Тобистони соли равон низ дар робита ба корҳои таъмирӣ нақб баста шуда буд. Корҳои таъмиру навсозӣ муддати се моҳ давом карда, дар он дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда, камераҳои мушоҳидавӣ ва ҳавософкунанкҳо насб карда шуд.
Нақби панҷкилометрии "Истиқлол" муҳимтарин робити шимол бо ҷанубу ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон буда, як гузаргоҳи стратегӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд маҳдуд шуд: то кай?
Тарҳи он ҳанӯз замони шӯравӣ ба вуҷуд омада, сохтмонаш соли 2003 аз сӯйи ширкатҳои эронӣ бо ҳазинаи молии қариб 40–миллиондоллараи Тоҷикистону Эрон шуруъ шуд ва расман 26 июли 2006 аз сӯйи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои ширкати IRS, корҳои таҷдиду таъмири нақби “Истиқлол”–ро низ мутахассисони ду кишвар анҷом хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала