Генерал: Нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ чораҳои шадид роҳандозӣ шавад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПолиция проводит проверку миграционного законодательства. Архивное фото
Полиция проводит проверку миграционного законодательства. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомои Русия, ҳамарӯза афзоиши ҷиноёт аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия бояд чораҳои шадид андешида шаванд, гуфт роҳбари бахши русии Анҷумани байналмилалии пулис Юрий Жданов дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои ҷиноёти муҳоҷират, ба гуфтаи генерал-лейтенанти собиқи Вазорати корҳои дохилӣ, кофӣ нест.
"Мо бояд ҷавобгарии ҷиноиро барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ пурзӯр кунем", - таъкид кард Жданов.
Вай инчунин қайд кард, ки дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии воҳидҳои ВКД ва ФСБ воситаҳои нав ва муҳандисии иҷтимоиро бештар ҷорӣ кардан зарур аст.
Жданов қайд кард, ки ҳоло шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия аз 2,5 то 10 миллион гуфта мешавад.
Получить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Тасдиқи навъи нави патент дар Русия
"Мо ба модернсозӣ ва пурзӯр кардани қонунгузории муҳоҷират ниёз дорем, то муқаррароти ҳуқуқӣ, назорати электронӣ аз болои муҳоҷирон бо дарназардошти имконоти фанновариҳои навтарини иттилоотӣ ва абзорҳои мушаххаси биометрӣ роҳандозӣ шаванд", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, аллакай аз 29 декабри соли 2021 дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ патентҳои дорои чипи электронӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Дар патентҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки тамоми иттилоотро дар мавриди соҳиби санад фаро мегирад. Аз ҷумла маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ ва дигар иттилоот, ки барои муайянсозии шахс заруранд, дар патенти ҷадид ворид мешаванд.
Баҳси мақомоти Русия дар мавриди муҳоҷирон: қонунҳои нав чигуна хоҳанд буд
Дар патентҳои ҷадид инчунин маълумот дар фаъолияти меҳнатии муҳоҷир ворид мегардад.
Патент иҷозатномаи корист, ки ба муҳоҷирони меҳнатии бидуни раводид ба Русия воридшуда дода мешавад.
Ба гуфтаи намояндаи расмии ФР Светлана Петренко, ин навоварӣ ба назорати муассиртари муҳоҷират ва раванди ошкору тафтиши ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0