Норозигии раиси шаҳри Гулистон аз раванди моякӯбӣ

© Мақомоти иҷроияи шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон
 Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Раиси шаҳри Гулистон ба мансабдорон супориш дод, ки барои дуруст ба роҳ мондани раванди моякӯбӣ бар зидди COVID-19 иқдом кунанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Гулистон, ахиран дар бинои мақомоти шаҳр ҷаласаи кории мақомот бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо баргузор гардид, ки дар он чандин масъалаи муҳим баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон бо ҳозирин шароити раванди мутобиқ ба талаботи моякӯбӣ алайҳи COVID-19-ро баррасӣ кардааст, ки дар зимн аз ҷараёни кунди ваксиназанӣ дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ намудааст.
Ҳамчунин зимни ҷаласа рафти барқароркунии қубурҳои обгузар аз тарафи ширкати “Фаррухрӯз”, ҳуҷҷатгузории замин барои сохтмони иншооти обтозакунӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода вобаста ба масъалаҳои мазбур супоришҳои додааст.
Медицинский работник делает прививку от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Вазорати тандурустӣ гуфт, чанд фисади аҳолии Тоҷикистон моякӯбӣ шуд
Раиси шаҳр аз мансабдорон хостааст, ки роҷеъ ба ҳар як масъалаи баррасишуда то охири ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.
Инчунин, тибқи иттилои манбаъ, дар бораи таҳлили сабабҳои коҳиши моҳӣ ва пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ дар обанбори “Қайроққум”, назорати кашидани хатти оби нӯшокӣ ва тадбирҳои иловагии вобаста ба омодагии биноҳои маъмурии роҳи протоколӣ ба гурӯҳҳои корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала