Бо қоидаҳои худ: чаро муҳоҷирон Русияро таҳдид мекунанд?

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Бархе аз атбои хориҷӣ дар Русия рафтори хашин доранд: онҳо қоидаҳои худро муқаррар менамоянду ҷиноят содир мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҷиноёти муҳоҷирони кишварҳои хориҷи наздик ба яке аз таҳдидҳои аслии Русия табдил ёфтааст, гуфт Александр Михайлов, генерал-майори мустаъфии ФСБ-и Русия дар суҳбат бо “Лента.ру”.
Вай қайд кард, ки мақомоти амниятии Русия ба як чолиши ҷиддӣ, яъне теъдоди зиёди ҷиноятҳои марбут ба гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Генерал-майори ФСБ гуфт, бархе аз муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, кӯшиш мекунанд, дар қаламрави ин кишвар тартиботи худро ба таври хашин муқаррар намоянд.
Михайлов таъкид кард, "ҳама гуна низоъҳои миёни қавмҳо ҳамеша боиси ҳаяҷон ва нороҳатии зиёди ҷомеаи Русия мегардад, ки ин як мушкили ҷиддии амниятии кишвар аст".
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Муҷозоти 500 шаҳрванди Афғонистон дар Русия ба далели нақзи қавонини муҳоҷират
Генерали рус роҳҳалли ин мушкилотро дар ихроҷи фаврии шаҳрвандони хориҷӣ, онҳое, ки бо судури аъмоли дар боло зикршуда муқаррарори қавонини Русияро нақз мекунанд, аз Русия мебинад.
Михайлов дар мусоҳиба бо "Lenta.ru" шарҳ дод, ҳамватанони онҳо баъзан гаравпулӣ ё ҷарима месупоранд, бинобар ин муттаҳам озод мешавад.
Ӯ қайд кард, ин гуна шахсон ҳиссе пайдо мекунанд, ки барои онҳо ҳама чиз иҷозат аст.
Ёдовар мешавем, дар Русия тадриҷан ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда мешавад. Яке аз онҳо аз 29 декабр эътибор пайдо мекунад.
Ҳамин тавр ба муҳоҷирон кортҳое дода мешавад, ки мушобеҳи кортҳои ҳушманди миллӣ ҳастанд.
Он акси муҳоҷир, ному насаб, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, рақами шиноснома, касб, номи минтақа, изи ангуштон ва ғайраро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала