Се хӯриши солинавӣ: дар Тоҷикистон арзонтаранд ё дар Русия - тасвирбаён

Sputnik Тоҷикистон ҳисоб кард, ки омода кардани се хӯриши солинавӣ дар Русия арзонтар аст ё дар Тоҷикистон. Ҳамчунин мо тарзи омода кардани ин хӯришҳоро ба шумо хотиррасон мекунем.

Тарзи омода кардани оливе

Картошка ва сабзиро аввал шуста баъд ҷӯшонед. Тухмро алоҳида ҷӯшонед.
Картошка, тухм, сабзӣ ва ҳасибро чоркунҷа реза кунед. Маҳсулотро дар табақи алоҳида бо майонез, пиёзи сабз ва мурч омехта кунед. Ғизоро каме дар ҳарорати паст нигоҳ доред.
Бодиринги шӯрро чоркунҷа реза кунед. Пеш аз пешниҳоди хӯриш ба он бодиринги намакин ва нахуди сабз илова кунед. Бо табъи дил намак илова кунед.

Хӯриш аз моҳӣ

Лаблабӯ, картошка, сабзӣ ва тухмро ҷӯшонед. Устухонҳои моҳиро пешакӣ тоза карда, реза кунед. Баъдан пиёзро реза кунед.
Сабзавоти ҷӯшонидаро тоза карда, аз турбтарош гузаронед. Дар табақ аввал моҳӣ, баъд пиёз, картошка, тухм, сабзӣ ва лаблабӯро чинед.
Мувофиқи завқи худ метавонед майонезро ё қабат ба қабат ё болои сабзавот илова кунед. Хӯришро бо зардии тухм ва сабзӣ (зелень)-и резшуда оро диҳед.

Винегрет

Сабзиҷотро ҷӯшонида чоркунҷа реза кунед. Лаблабӯро дар табақи алоҳида гирифта, рӯған илова кунед. Дигар сабзиҷот, нахуди сабз, мурч ва мувофиқи табъи худ намакро илова кунед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала