СММ ба толибон шаш миллион доллар пешниҳод кард

© AFP 2021 / DON EMMERTЭмблема ООН, архивное фото
Эмблема ООН, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Созмони Миллали Муттаҳид ба толибон барои таъмини амнияти иншооташ тақрибан шаш миллион доллар пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. СММ ба ҳукумати толибон барои таъмини амнияти иншооти худ маблағ пешниҳод кардааст, хабар медиҳад "Reuters".
Ин манбаъ навиштааст, СММ ба кормандони Вазорати умури дохилии толибон барои ҳифзи иншооташ ҳудуди шаш миллион доллар ихтисос додааст.
Зимнан "Reuters" зикр намудааст, ки ин санадро як манбаи огоҳ ба онҳо тасдиқ кардааст. Бар асоси ин санад, маоши пешниҳодшуда ба унвони як маоши моҳона ба нерӯҳои толибон, ки дар соли оянда объектҳои СММ-ро посбонӣ мекунанд, дода мешавад.
Дар ин санад, ба гуфтаи хабаргузории "Reuters", барои амнияти соли 2022 аз ҷониби 20 ниҳоди СММ, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, 4 миллион доллар ҷудо шудааст. Ҳамчунин бо ҳукумати собиқи Афғонистон созишномае имзо шуда буд, ки бар асоси он, Созмони Милали Муттаҳид дар ивази ҳифзи иншооташ ба Вазорати корҳои дохилӣ пул медод.
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Баъди "шикаст"- и толибон: намояндаи доимии Афғонистон дар СММ эълон шуд
Расонаҳои Амрико аз қавли коршиносон навиштаанд, ки пардохти пул ба толибон суолеро ба миён меорад, ки оё таҳримҳои Амрикову СММ алайҳи онҳо ва раҳбарони аршадашон нақз мешаванд ё на?
Як мақоми Вазорати молияи Амрико низ гуфтааст, ки толибон ва шабакаи "Ҳаққонӣ"* аз сӯйи Амрико муҷозот шуда ва афроде, ки аз онҳо ҳимоят мекунанд, таҳти таҳримҳои Амрико қарор гирифтаанд.
Аммо сухангӯи СММ изҳор доштааст, ки ин гуна маблағҳо бидуни дахолати мақомоти толибон, мустақиман ба дарёфткунандагон пардохт хоҳанд шуд.
Ҳоло ҳукумати муваққати толибон дар ин бора изҳори назар накардааст.
*-созмони мамнуъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала