Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Зукомро аз омикрон чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?

© PixabayПростуда
Простуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Аломатҳои штамми омикрон ва шамолхӯрӣ якхелаанд, аммо ҳангоми сирояти коронавирус дарди сар ва хастагӣ зудтар ҳувайдо мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Аломатҳои штамми омикронии коронавирус ба шамолхӯрии умумӣ хеле монанданд ва фарқ кардани онҳо торафт душвортар мешавад.
Дар ин бора вирусшиноси бритониёӣ Лоренс Янг дар суҳбат бо "The ​​Sun" хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки шумораи гирифторон рӯз то рӯз афзоиш меёбад ва аксари вақт ягона роҳи фарқ кардани "омикрон" аз зуком санҷиши ПСР мебошад.
Ба гуфтаи пизишк, чоряки одамоне, ки гирифтори зуком ҳастанд, воқеан ба омикрон сироят шудаанд.

"Аломатҳо ба ҳам монанданд, аммо аломатҳои шамолхӯрӣ тадриҷан пайдо мешаваед. Вале зимни сироят шудан бо омикрон дарди сар ва хастагӣ зуд пайдо мешаванд", - гуфт табиб.

Янг шарҳ дод, ки зуком дар давоми чанд рӯз инкишоф меёбад.
Ёдовар мешавем, бори нахуст штамми нави коронавирус дар қитъаи Африқо, дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд.
Мужчина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Эълони панҷ нишонаи асосии гирифторӣ ба омикрон
Фарқи асосии он аз дигар штаммҳо дар вуҷуди таҳаввул дар омикрон гуфта мешавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин варианти вирусро "нигароникунанда" эълон карда ва онро бо ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.
Коршиносон қайд мекунанд, ҳам одамоне, ки вирусро аз сар гузаронидаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, ба омикрон сироят меёбанд.
Дар Русия навъи нави коронавирус дар 30 нафар тасдиқ шудааст. Дар Тоҷикистон, бино ба гузоришҳои Вазорати тандурустӣ, беш аз як моҳ мешавад, ки ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Олимони Чин: Омикрон ба таври сунъӣ эҷод шуд
Табибон хастагии шадид, дарди сар, дарди бадан ва сареъ шудани кори дилро аз нишонаҳои омикрон мегӯянд.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфта буд, ки паҳншавии омикрон нигарониҳои ҷиддиро ба бор меорад, зеро дар Африқо аллакай 75%-и ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нав рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала