Зодрӯзи Шаҳодат Тоҳирова: 23 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 23 декабря
День 23 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Бисту сеюми декабр дар Ҷопон аз мавлуди император таҷлил мешавад

Рӯзи 23-юми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1947 нахустин транзистори қувватфизо (асбоби нимноқилӣ барои тақвият, табдил ва ҳосил кардани сигналҳои электрикӣ) сохта шуд.
Соли 1953 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони сарисинагии "Аълочии милитсия" таъсис ёфт.
Соли 1972 бар асари заминларза пойтахти Никарагуа – Манагуа хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Рӯзи 23-юми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2008 дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи таърихи қарз" қабул шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 вохӯрии Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат баргузор гардид.
День 22 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Рӯзи энергетика дар Тоҷикистон: 22 декабр дар таърих
Соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои узв ҳамоиши 11–уми сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии истиқлоли Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси ИДМ Форуми "Гуфтугӯи миллатҳо - гуфтугӯи тамаддунҳо" барпо шуд.

Ҷашнҳои 23 декабр

Дар Ҷопон –Рӯзи мавлуди император;
Дар Шветсия Иди миллӣ - Рӯзи таваллуди малика Силвия.

Рӯзи 23-юми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Иоффе – Голубчик Гитлия (1900 – 1982) – доктори илми тиб, профессор;
Қаюм Комилов (1923-1998) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Николай Лесной (1910 – 1967) – шоир;
Усмон Маҳмадёров (1963) – доктори илми кишоварзӣ;
Маҳмуд Нурназаров Маҳмуд (1941-2006) – доктори илми география, профессор;
Нафасбек Раҳмонӣ (1953 – 1995) – шоир;
Ҷумъахон Сироҷов (1953) – актёри театр, ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Геннадий Селютский (1937) – устоди рақс (балет), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
Шаҳодат Тоҳирова (1929- 2009)- собиқадори матбуот, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Лентаи хабарҳо
0