Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмири НБО "Норак" пул медиҳад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксНурекская ГЭС, архивное фото
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои бозсозии иловагии иншооти бузурги энергетикӣ - нерӯгоҳи барқи обии "Норак" грант ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии нерӯгоҳи "Норак" дар Тоҷикистон маблағ медиҳад, гузориш додааст РИА "Новости".
Ба гуфтаи Нигина Алиева, котиби матбуотии дафтари БҶ дар Душанбе, Шӯрои мудирони бонк аллакай ин созишномаро тасдиқ кардааст ва бар асоси он 65 миллион доллар гранти иловагӣ ҷудо мешавад.

"Ин дар навбати худ, ба беҳбуди таъмини нерӯи барқ ​​ва тавсеаи содироти нерӯи сабз аз Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард", - гуфт БҶ.

Қобили зикр аст, ки марҳилаи аввали барқарорсозии нерӯгоҳи "Норак" моҳи марти соли 2019 оғоз шуда буд.
Барои иҷрои тарҳи барқарории "Норак" Бонки Ҷаҳонӣ ба маблағи 225,7 миллион, Бонки Сармоягузории Инфрасохтории Осиё 60 миллион ва Бонки Рушди Авруосиё 40 миллион доллар грант ҷудо кардаанд.
Бо ин маболиғ нуҳ чарха таъмир шуда, шаш автотрансформатор иваз мешавад, ки ин иқдом бар чораҳои ҳифозатии нерӯгоҳи барқи обӣ аз хатароти сейсмикӣ ва обхезӣ меафзояд.
Илова бар ин барои таҳкими иқтидори фаннӣ ва молии ширкати "Барқи тоҷик" кумакҳое низ ироа мешавад.
Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми лоиҳа ба маблағи 40 миллион доллар, ки соли 2020 тасдиқ шуд, иншооти калидӣ бозсозӣ мешавад.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Тоҷикистон чӣ гуна метавонад Осиёи Марказиро бо нерӯи барқ таъмин кунад
Маблағи умумии сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар ин тарҳи муҳим 341 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии "Норак" ҳудуди 50 дарсади ниёзи солонаи кишварро ба нерӯи барқ ​​таъмин карда, аз нерӯи барқи он содирот ҳам мешавад.
Аммо ба далели мушкилоти техникӣ иқтидори насбшудаи комплекси барқи обӣ дар тӯли 40 соли охир хеле кам шудааст.
Бо анҷоми бозсозӣ нерӯгоҳ иқтидори худро то ба 3,214 мегаватт афзоиш медиҳад, ки дар моҳҳои сарди зимистон нерӯи барқ ​​беҳтар таъмин мешавад ва аз тавсеаи содироти нерӯи барқ ​​дар тобистон даромад ба даст меорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала