Муҷозоти овозхони тӯйгард дар Хатлон

© Bill SelakМикрофон, архивное фото
Микрофон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Сарояндаи маҳҳалие дар нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар вилояти Хатлон як овозхони маҳаллӣ барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Бинобар хабари дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, номбурда дар ноҳияи Дӯстӣ дар як маърака ҳунарнамоӣ намудааст.
Манбаъ меафзояд, ин ҳофизи маҳаллӣ ҳанӯз аз моҳи октябри соли 2017 дар мақомоти андози ноҳияи дӯстӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда буд ва дар тӯю маъракаҳо ба ҳайси сароянда хидмат мекард.

"Номбурда моҳи сентябри соли ҷорӣ дар хатнасури сокини маҳаллӣ иштирок карда, давоми чор соат овозхонӣ намуд", - омадааст дар хабари ин ниҳод.

Додситонии кул мегӯяд, нисбати ин овозхони маҳҳалӣ бо моддаи 481, қисми 1, Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ парванда боз гардида, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Муҷозоти омӯзгору директор барои таҷлили зодрӯз ва даъвати ҳофиз дар мактаб
Ҳамин тариқ бо қарори додгоҳ ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала