Нуриддин Давронов тарки "Борнео" кард

© ФФТНуриддин Давронов, архивное фото
Нуриддин Давронов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир тими нави Давронов дақиқ нашуда ва ӯ бозигари озод аст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов тарки "Борнео"-и Индонезия кард.
Ӯ ҳамакнун бозигари озод буда, соли оянда дар ҳайати дастаи нав ба майдон меояд. То кунун дақиқ нест, ки ӯ аз кадом даста пешниҳод гирифтааст ва ё ба кадои тим хоҳад рафт.
Дар бораи аз тими "Борнео" рафтан, худи бозигар дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ӯ бо изҳори сипос аз кулли аъзои тими собиқаш гуфтааст, ки ҳамеша дар "Борнео" эҳтиром мешуд ва худро чун дар хона эҳсос мекард.
Нуриддин Давронов дар ҳайати бошгоҳи "Борнео" 15 бозӣ гузаронидааст.
Бозигари шинохтаи тоҷик моҳи феврали соли 2020 ба тими "Борнео" гузашта буд. Ин дувумин тими индонезӣ пас аз “Мадура Юнайтед” мебошад, ки Давронов дар он бозӣ мекард.
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Арзиши тими миллии футболи Тоҷикистон маълум шуд: гаронтарин бозигар Умарбоев
Пойгоҳи "Трансфермарк" арзиши нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистонро 275 ҳазор евро арзёбӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин 24 вохӯрӣ гузаронида, чаҳор гол задааст.
Нуриддин Давронов солҳои гуногун дар дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) “Слобода” (Сербия), “Дунав” (Булғория), “Мадура Юнайтед” (Индонезия) ва “Уммон” (Уммон) бозӣ кардааст.
Давронов дар ҳайати яккачини кишвар аз соли 2008 ҳунарманоӣ карда, дар ин муддат дар беш аз 50 бозӣ иштирок кардааст.
Лентаи хабарҳо
0