Пайвастшавии Қрим ба Русия дар шарҳи Путин

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони хориҷиву дохилӣ дар мазуи пайвастшавии Қрим ба Русия изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Владимир Путин, роҳбари Русия то табоддулот дар Украина ҳеҷ тасаввуре надоштанд, ки Қрим ба Русия пайваст мешавад.
"Чӣ гуна мо метавонистем аз Севастопол, Қрим даст бардорем ва мардумеро, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, таҳти ҳимояти худ нагирем? Ин ғайриимкон аст. Мо наметавонистем дар ғайри сурат амал кунем", - таъкид кард Путин.
Бояд қайд кард, сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар соли 2021 нишасти матбуотии роҳбари Русия баргузор шуд. Дар ин нишасти матбуотӣ 507 рӯзноманигор ҳузур дорад.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Путин афзоиши мизони марг дар Русияро шарҳ дод
Им сол теъдоди намояндагони расонаҳои хабарӣ аз тамоми манотиқи кишвар ба далели вазъи беҳдоштӣ коҳиш ёфтааст. Пеш аз нишасти матбуотӣ аз хабарнигорон хоҳиш карда шуд, се бор аз санҷиши ПСР гузаранд. Инчунин аз рӯзноманигорон хоҳиш карда шуд, ки масофаи иҷтимоӣ ва дигар талаботро риоя намоянд.
Ҳамчунин Путин натиҷаҳои иқтисодии соли 2021-ро ҷамъбаст карда, дар масъалаҳои мубрами марбут ба коронавирус ва моякӯбии аҳолӣ изҳори назар кард.
Бояд гуфт, аввалин нишасти матбуотии раисҷумҳури Русия соли 2001 баргузор шуда буд. Мулоқот 1 соату 35 дақиқа идома кард ва дар ин муддат Путин 22 мавзуъро шарҳ дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала