Аз 17 дараҷа гармӣ то 22 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Ҳавои Тоҷикистон абрӣ шуда, дар аксари манотиқи кишвар борону барф меборад
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок мешаваду дар бархе аз навоҳӣ борон ва барф меборад.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикстон.
Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа гарм, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа сард, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрӣ пешбинӣ мешавад. Дар бархе аз навоҳи ин вилоят, борон борида, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа гарм, рӯзона 1-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2-7 дараҷа гарм, рӯзона 7-1 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар баъзе ноҳияхо меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа гарм, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хукун то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе ҳам абрӣ мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад ва тормеғ мефарояд.
Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 дараҷа гарм, рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала