Путин гуфт, Бобои барфӣ ба ӯ чӣ туҳфаҳо тақдим мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Презденти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба суоли рӯзноманигоре дар бораи муносибаташ ба яке аз "қаҳрамон"-ҳои асосии Ҷашни Соли Нав посух дод
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Президент ва Бобои барфӣ муносибати хуб доранд, гуфт Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ дар "Манеж"-и Маскав.

"Ман аз ӯ барои он миннатдорам, ки метавонам бо шумо имрӯз дар мақоме, ки ҳастам, мулоқот кунам", - гуфт президент.

Ӯ ҳамчунин ба мардуми Русия барои эътимод изҳори сипос ва изҳори умедворӣ кард, ки соли оянда Бобои барфӣ на танҳо ба русҳо туҳфаҳо хоҳад дод, балки дар татбиқи тамоми корҳои пешбинишуда саҳм мегузорад.
Ёдовар мешавем, 23 декабри соли 2021 президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотии бузург баргузор кард.
Мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар нақлиёт ва ваксина буданд.
Бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳои коронаӣ танҳо 507 намояндаи ВАО ба ин дидор роҳ ёфт.
Чунин формати мулоқоти Путин бори аввал соли 2001 пайдо шуд. Мулоқот беш аз якуним соат идома кард ва дар ин муддат раисҷумҳури Русия ба 22 суол посух дод.
Тӯлонтарин нишасти матбуотии Путин бо рӯзноманигорон ҳафтумин нишасти хабарии ӯ дар 14 феврали соли 2008 буд.
Он 4 соату 40 дақиқа тӯл кашид ва раҳбари Русия дар 106 мавзуъ ба хабарнигорон посух гуфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала