Путин хабарнигори бритониёиро "дар ҷояш шинонд"

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Кишвардори Русия ба суоли рӯзноманигори Бритониёи Кабир дар конфронси васеи матбуотӣ вокуниши шадид кард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" вокуниши шадид нишон дод.
Диана Магни ба мавзуи ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина дахл кард. Ин суол Путинро хашмгин кард. Вай сахт посух дод, ки дар ин вазъият иғвогари асосӣ Ғарб мебошад.
"Иёлоти Муттаҳида бо мушакҳои худ ба остонаи хонаи мо омад", - гуфт Путин.
Дар баробари ин Путин таъкид кард, ки ҳаракати минбаъдаи НАТО ба Шарқ ғайриқобили қабул аст. Амалҳои Русия ба зарурати таъмини амнияти бидуни қайду шарти шаҳрвандон вобаста хоҳад буд, гуфт президенти Русия.
Ба гуфти вай, солҳои 90-ум Русияро бо ваъдаҳои густариш надодани НАТО "бешарафона фиреб" доданд.

"Дар солҳои 90-ум ба мо мегуфтанд, ки "як ваҷаб ҳам ба Шарқ намеоем". Хайр чӣ? Фиреб доданд. Панҷ мавҷи густариши НАТО!”, - гуфт Путин.

Вай бо як шеваи тунд таъкид кард, ки Ғарб бояд фавран кафолати амниятии Русияро бидиҳад.
"Бе ягон найранг мо танҳо бевосита суол гузоштем, ки минбаъд НАТО ба Шарқ ҳаракат накунад. Тӯб дар тарафи онҳост, онҳо бояд ба мо ҷавоб диҳанд", - афзуд Путин.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Путин: Ҳаракати НАТО ба самти шарқ қобили қабул нест
Ёдовар мешавем, раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии "Манеж"и Маскав суханронӣ мекунад.
Имсол ба далели чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар аз кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Путин таъсири коронавирус ба иқтисоди Русияро арзёбӣ кард
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Мавзуъҳои аслии суханронии Путин дар 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар ин кишвар ва ҳамчунин эмкуниро фаро хоҳанд гирифт.
Лентаи хабарҳо
0