Путин шартҳои барасмиятшиносии ҳукумати толибонро гуфт

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, дар ба расмият шинохтани давлати толибон Русия мавқеи худро дорад
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Владимир Путин гуфт, кишвараш дар мавриди эътироф кардани толибон бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад ва Русия дар ин хусус мавқеи худро дорад.
Путин ҳамчунин гуфт, Русия мехоҳад бо Афғонистон равобити хуб дошта бошад.

“Ман мехоҳам, ки равобите хубе миёни Русияву Афғонистон барқарор шавад. Ман дар назар дорам, манофеи мутақобилаи мо дар ба эътидол овардани вазъ дар минтақа зоҳир мешавад. Барои мо ин як масъалаи муҳим аст. Мо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, марзҳои боз дорем”, - гуфт, роҳбари Русия.

Владимир Путин қайд кард, имконияти ворид шудани баъзе унсурҳои ифротӣ Русияро нигарон кардааст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Маскав: барои ба расмият шинохтани Толибон* аҷала надорем
Президенти Русия илова кард, ки ҳоло ҳам ба кишварҳо миқдори зиёди маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон ворид мешавад. 90 дарсади афюн дар бозори ҷаҳонӣ аз Афғонистон мебошанд, ки моро наметавонад нагорон насозад.
Дар мавриди эътирофи толибон Владимир Путин гуфт, бояд ба воқеият нигарем, яъне қудрате, ки дар садри раҳбарии ин кишвар қарор дорад, тавре шакл гирад, ки ҳамаи ақвоми Афғонистонро шомил шавад.

“Ба назари ман, танҳо дар ин вазъ метавон шароити сулҳу субот дар Афғонистонро фароҳам кард ва ба ояндаи ин кишвар умед баст”, - зикр кард Путин .

Роҳбари Русия гуфт, дар аввал бояд бидуни шак, ба мардуми Афғонистон ёрӣ кард.
Вай таъкид кард, ин корро пеш аз ҳама бояд он давлатҳое анҷом диҳанд, ки ба иқтисоди Афғонистон ва худи мардуми ин кишвар зарари калон расондаанд.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Русия шарики асосии ин кишвар дар Осиёи Марказиро эълон кард
“Ҳамонҳое, ки давоми 20 сол дар ин кишвар буданд, иқтисодиёти онро хароб карданд, бояд пеш аз ҳама кумак кунанд. Мо аз тарафи худ ҳар чизе вобаста аст, анҷом медиҳем. Аммо пеш аз ҳама бояд пулҳои Афғонистон озод карда шаванд. Дороиҳои пулии Афғонистон, ки пеш аз ҳама дар бонкҳои амрикоӣ нигоҳ дошта мешаванд, барои кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон равон карда шаванд. Чун дар ин кишвар метавонад гуруснагӣ сар занад ва он ба кишвари ҳамсоя таъсири манфӣ мерасонад”, - афзуд раисҷумҳури Русия.
Инчунин Владимир Путин илова кард, дар масъалаи этироф кардан ё накардани толибон бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд ва Русия дар ин хусус мавқеи худро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала