Қазоқистон ба ҳамсояҳо кумаки башардӯстона фиристод: Тоҷикистон чӣ гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевРоссия и Всемирная продовольственная программа ООН передали Таджикистану 3 тыс. тонн муки.
Россия и Всемирная продовольственная программа ООН передали Таджикистану 3 тыс. тонн муки.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Ҳукумати Қазоқистон ба мардуми кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 8,5 миллион доллар кумаки башардӯстона фиристод
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Қазоқистон Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистонро бо фиристодани 25 ҳазор тонна орд ба ин кишварҳо кумак кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои фавқулодда.
Кумаки башардӯстона ба тариқи зайл тақсим шудааст: 10 ҳазор тоннаӣ орд ба Қирғизистону Тоҷикистон ва 5 ҳазор тонна ба Афғонистон.
Маблағи умумии тамоми маҳсулоти фиристодашуда 3,7 миллиард тенге (8,5 миллион доллар) муҳосиба шудааст.
Сухангӯи раёсатҷумҳурии Қазоқистон Берик Уалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, Қосимҷомарт Тоқаев аз номи мардуми Қазоқистон бо назардошти принсипҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ чунин як иқдом кардааст.
Контейнеры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Тоҷикистон наздик ба 100 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Қаблан Мухтор Тлеубердӣ - вазири корҳои хориҷии Қазоқистон тасмими кумак ба Афғонистонро ба принсипҳои амниятӣ иртибот дод.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷӣ, буҳрони иқтисодӣ ва башарӣ дар Афғонистон метавонад боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддир, густариши ифротгароии мазҳабӣ ва афзоиши вуруди паноҳандагон ба минтақа шавад.
Қаблан Русия дар чорчӯби тарҳе, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар ва аз тариқи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ маблағгузорӣ мешавад, ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона карда буд.
Тоҷикистон 1485 тонна орди гандуми витаминдор ва 61 тонна равгани растанӣ дарёфт кард. Ин маҳсулот ба мактабҳои кишвар дар деҳот фиристода шуд.
Ин ёрии башардӯстона ба маблағи 5 миллион доллар аз маҷмуи маболиғи кумакӣ, ки Русия барои таҳкими амнияти ғизоии Тоҷикистон дар соли 2021 тахсис додааст, харидорӣ шудааст.
Ҳамчунин дар соли 2021 ба Тоҷикистон аз 61 кишвари донор аз хориҷи дуру наздик ду баробар бештар кумаки башардӯстона ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала