Эмомалӣ Раҳмон 45 қонунро имзо кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунро имзо кард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чилу панҷ қонунро имзо кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Дастгоҳи президент.
Ҳамин тавр аз ҷониби сарвари давлат қонунҳо “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” имзо шудаанд.
Ҳамчунин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” низ ба имза расидаанд.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд
Манбаъ афзуда, Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, дар он имтиёзу сабукиҳои мавҷуда нигоҳ дошта шуданд ва боз сабукиҳои нав пешбинӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хидматрасониҳои меҳмонхона аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам шудаанд.
Қонунҳои зикршуда ба рушди соҳаҳои саноат, парандапарварӣ, густариши варзиш, тарбияи ҷавонон, беҳдошти шароити зисти мардум, таъмини қонуният ва пешрафти кори мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона шудааст.
Ин қонунҳои дар матбуот интишор хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0