Рублу евро гарон шуду доллар арзон: эълони қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби доллар коҳиш ёфтаву аз рублу евро бошад, боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.152,9 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.152,3 сомонӣ медоданд.
Дар Тоҷикистон рубли русӣ ба чӣ ҳол афтод?
Арзиши асъори аврупоӣ бошад поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7803 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7566 сомонӣ медоданд.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад, аммо имрӯз 23 декабр, пас аз муддати тӯлонӣ каме поин рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 0.1529 сомонӣ аст. Ду рӯз пеш ин нишондиҳанда ба 11.3000 сомонӣ баробар буд.
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7803 то 12.9900 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1529 то 0.1550 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала