Шаби ноором: боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

След от пули на окне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Ба сӯйи манзили як сокини шаҳри Исфара тир шиллик кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Шаби 22-юми декабри соли равон, тахминан соатҳои 22:00 хонаи сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Муҳаммадҷон Довудов мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.
Вуқуи ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тирҳо то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдаанд.

"Хушбахтона, касе аз аҳли хонавода ҷароҳат набардоштааст ва ҳоло вазъ ором аст", - гуфт Шомадов.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тирпаронӣ дару тирезаҳои хонаи истиқоматии Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тир то ба деворҳои хона бархӯрдааст.
Тахминан ду ҳафта пештар низ якчанд гови ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қиргизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолати масъулин моли ӯ баргардонида шуд.
© Sputnik

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон
1/4

2/4

3/4

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

© Sputnik

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шахри Исфара

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шахри Исфара - Sputnik Тоҷикистон
4/4

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шахри Исфара

1/4

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

2/4

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

3/4

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

4/4

Изи тир дар тирезаи манзили Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шахри Исфара

Инчунин дар муноқишаи моҳи апрели соли равон низ хонаи ин сокини Сомониён аз тарафи сокинони деҳаи Куктош оташ зада шуд, ки бо кумаки мақомоти иҷроия аз нав бунёд гардид.
Мавриди зикр аст, ки зуҳри 22-юми декабр низ дар дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон тирпаронӣ рух дод.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Тоҷикистон тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод
Ёдрас менамоем, 17 декабр низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи ноором дар марзи Тоҷикисону Қирғизистонро шарҳ дода гуфта буд, дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон мунҷар ба муноқиша шудааст.
Бинобар нақли КДАМ, он гоҳ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд, аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала