Путин сохтмончиёнро табрик кард: ба нишондоди рекордӣ расидем

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в работе XXX съезда РСПП
Президент РФ В. Путин принял участие в работе XXX съезда РСПП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Русия дар соҳаи сохтмон ба нишондиҳандаи рекордӣ расид
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Русия дар соли 2021 ба нишондиҳандаҳои рекордӣ - то 90 миллион метри мураббаъ, дар соҳаи сохтмони манзил расид.
Дар ин бора Владимир Путин президенти Русия рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ изҳор дошт.
"Нишондодҳои хеле хуб дар сохтмон, рекорд, 90 миллион метри мураббаъ. Дар таърихи муосири Русия бори аввал аст, ки чунин натиҷа ба даст оварда мешавад", - гуфт Путин.
Ӯ ҳамаи коргарони соҳаи бинокорӣ "ҳам чеҳраҳои аввал ва ҳам онҳоеро, ки бевосита дар сохтмонҳо кор мекунанд" бо ин муваффақият табрик кард.
Раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии Манеж суханронӣ мекунад.
Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Путин таъсири коронавирус ба иқтисоди Русияро арзёбӣ кард
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл карда, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ дахл доранд.
Мавзӯъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR - код дар кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0